Хатлон: Воридоти беш аз 1 млн. сомонӣ аз ҷаримабандии ронандагон

Дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон 1,7 ҳазор ронандагон барои боркашонии аз меъёр зиёд ҷаримабандӣ шуданд. Тавре сардори филиали КВД «Сертификатсияи кор ва хизматрасонӣ дар низоми нақлиётӣ»-и минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон Масрур Солеҳов хабар дод, аз оғози сол барои боркашонии аз меъёр зиёд 1 ҳазору 724 нафар ронандагони автомшинаҳои боркаш ҷарима баста шуданд. «Маблағи умумии ҷарима […]

Сайраҳмон Назриев


Дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон 1,7 ҳазор ронандагон барои боркашонии аз меъёр зиёд ҷаримабандӣ шуданд.

Тавре сардори филиали КВД «Сертификатсияи кор ва хизматрасонӣ дар низоми нақлиётӣ»-и минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон Масрур Солеҳов хабар дод, аз оғози сол барои боркашонии аз меъёр зиёд 1 ҳазору 724 нафар ронандагони автомшинаҳои боркаш ҷарима баста шуданд. «Маблағи умумии ҷарима беш аз 1 млн. сомониро ташкил дода, он ба буҷети давлатӣ равона гардид», – иброз дошт вай.

Ба қавли вай, ин ронандагон барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақл дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуданд. «Роҳҳои ҷумҳурӣ бо маблағҳои зиёд бунёд шуда, мо барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳем кард», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.