Ӯзбекистон узвият ба СААД-ро расман мутаваққиф сохт

Ӯзбекистон узвият ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро расман мутаваққиф сохт. Ба гуфтаи президенти Белорус Александр Лукашенко, кишварҳои узви СААД ба мувофиқа расиданд, ки «зимни узвият ба созмон, аз ҷумла ба ин кишвар низ дигар сабукиҳо нахоҳад буд». «Мо дархости онҳоро қонеъ намуда, узвияти Ӯзбекистонро мутаваққиф намудем», – изҳор кард Лукашенко дар ҷаласаи васеи Шӯрои […]

ASIA-Plus


Ӯзбекистон узвият ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро расман мутаваққиф сохт.

Ба гуфтаи президенти Белорус Александр Лукашенко, кишварҳои узви СААД ба мувофиқа расиданд, ки «зимни узвият ба созмон, аз ҷумла ба ин кишвар низ дигар сабукиҳо нахоҳад буд».

«Мо дархости онҳоро қонеъ намуда, узвияти Ӯзбекистонро мутаваққиф намудем», – изҳор кард Лукашенко дар ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав.

Ахири моҳи июни соли равон Ӯзбекистон аз Котиботи СААД дархост кард, ки узвияташ дар созмон боздошта шавад. Ӯзбекистон қаблан низ аз СААД хориҷ шуда буд. Соли 1999 Ӯзбекистон аз тамдиди шартнома даст кашида, вале соли 2006 бар асари ба сардӣ гароидани муносибатҳояш бо кишварҳои ғарбӣ узвияти худро барқарор намуда буд.

Акнун кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви СААД боқӣ мемонад. СААД дар асоси Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъии санаи 15-уми майи соли 1992 аз ҷониби кишварҳои узви ИДМ баимзорасида таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «то ҳанӯз аз созишномаву барнома ва дигар асноди дар доираи амнияти дастаҷамъӣ оид ба ҳамкории муштарак баимзорасида ҳеҷ самарае ҳосил нашудааст».

Хабаргузории БЕЛТА менависад, сарони кишварҳои узви СААД дар бораи таъсиси нерӯҳои дастаҷамъии созмон қарор қабул намуданд, ки ба ҳайати он тамоми сохторҳои низомии қаблан таъсисёфта дар назди СААД шомил хоҳанд гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.