Дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон 1,7 ҳазор ронандагон барои боркашонии аз меъёр зиёд ҷаримабандӣ шуданд.
Тавре сардори филиали КВД «Сертификатсияи кор ва хизматрасонӣ дар низоми нақлиётӣ»-и минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон Масрур Солеҳов хабар дод, аз оғози сол барои боркашонии аз меъёр зиёд 1 ҳазору 724 нафар ронандагони автомшинаҳои боркаш ҷарима баста шуданд. «Маблағи умумии ҷарима беш аз 1 млн. сомониро ташкил дода, он ба буҷети давлатӣ равона гардид», – иброз дошт вай.
Ба қавли вай, ин ронандагон барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақл дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуданд. «Роҳҳои ҷумҳурӣ бо маблағҳои зиёд бунёд шуда, мо барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳем кард», – афзуд номбурда.


