Раиси Комисиияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён имрӯз ҷаласаи КМИР-р доир намуда, дар он масоили омодагӣ ба маъракаи интихоботи президентии тирамоҳи соли 2013 баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод, дар ҷаласа дастурҳо оид ба баргузории маъракаи интихоботи президенти ҷумҳурӣ ба комиссияҳои интихоботии минтақавӣ ва ҳавзавӣ ва тартиби баррасии арзу шикоят аз ҷониби комисияҳои интихоботӣ тасдиқ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин аз фаъолияти КМИР дар соли 2012 натиҷагирӣ шуда, нақшаи кор барои соли 2013 тасдиқ шуд. Шермуҳаммади Шоҳиён назди аъзои КМИР дар мавриди омодагӣ ба маъракаи интихоботии президентӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.


