Таъсиси Шӯрои нави назди раиси пойтахт

Date:


Ояндаи наздик дар назди раиси шаҳри Душанбе Шӯро оид ба баррасии масоили рӯзмарраи пойтахт таъсис дода мешавад.

Имрӯз зимни суханронӣ дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки ба ҳайати Шӯрои мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил гардида, Шӯро ба таҳияи лоиҳаҳои стратегии рушди шаҳри Душанбе машғул хоҳад шуд.

Раиси пойтахт зимни суханрниаш ҳамчунин зикр кард, ки дар фурсатҳои наздиктарин мақомоти шаҳрдорӣ лоиҳаи нави интерактивӣ таҳти унвони «Бе миёнаравҳо»-ро мавриди амал қарор медиҳад.

«Лоиҳаи нави интерактивӣ» бахшҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш, сиёсати ҷавонон, оила, амалисозии нақшаи генералии шаҳр, инноватсия, тиҷорату хизматрасонӣ ва мубориза бо коррупсияро фаро хоҳад гирифт», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки тавассути лоиҳаи нави интерактивӣ сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд оид ба мушкилоти ин соҳаҳо бевосита бо мақомоти шаҳрдории пойтахт дар тамос шудаву роҳи ҳалли мушкилот ва тавсияҳои худро пешниҳод намоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...