Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон бо лоиҳаи буҷети давлатии соли 2013-и вилоят шинос гардида, онро маъқул шумориданд.
Зимни шарҳи буҷети соли оянда ба вакилон сардори Сарраёсати молияи вилоят Сайвалӣ Сафаров изҳор намуд, ки лоиҳаи буҷет бо назардошти рушди иқтисодии вилоят ва афзоиши сарчашмаҳои андозбандӣ тарҳрезӣ шудааст. «Қисмати даромади буҷет дар ҳаҷми 483,3 млн. сомонӣ ва қисмати хароҷот ба маблағи умумии 863,1 млн.. сомонӣ пешбинӣ шудаанд», – гуфт вай.
Ба гуфтаи Сафаров, аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 375,2 млн. сомонӣ воситаҳои ҳадафнок ворид хоҳанд шуд. «Қисмати асосии буҷет ба бахши иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ равона мегардад», – иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ буҷети соли 2013 ба маблағи 96 млн. сомонӣ ё худ 25% афзуда, хароҷот дар ҳаҷми 243 млн. сомонӣ ё худ 39% зиёд шудааст.


