Ширкати «Total»-и Фаронса, ки яке аз ширкатҳои бузургтарину муваффақи ҷаҳон дар бахши нафту газ ба шумор меравад, оид ба имзои Созишнома дар бораи харидани 33%-и саҳмияҳо дар тақсимоти маҳсулоти ширкати фаръии Tethys Petroleum – «Бохтар» (Кӯлоб Petroleum) хабар дод.
Чунин созишнома бо ширкати China National Petroleum Corporation (CNPC) (Ширкати миллии нафти Чин) низ ба имзо расида, акнун 33%-и саҳмияҳои Кӯлоб Petroleum ба ин ширкат низ тааллуқ хоҳанд дошт.
«Шарикӣ миёни Total, CNPC ва Тетис бахусус барои баргузор намудани корҳои иктишофӣ самаровар буда, баррасии масъалаи таҳияи арзиши лоиҳа қадами минбаъда хоҳад буд», – гуфтааст дар ин робита як намояндаи ширкати Total.
Дар ширкати Tethys Petroleum дар робита ба ин масъала изҳор намуданд, ки ин як «рӯйдоди бузургу фараҳбахш» буда, дар барорбари узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, муҳити сармоягузорӣ дар ҷумҳуриро куллан дигаргун месозад.
Дар ширкати фаръии Тетис дар Тоҷикистон зикр карданд, ки муттаҳидии ин се ширкат дар лоиҳаи мазкур дар навбати аввал натиҷаи сиёсати сармоягузории муваффақи ҳукумат ва сохторҳои дахлдори он аст.
«Барномаҳои ҷустуҷӯ ва арзёбии захоири нафту газ тайи солҳои ахир омили таваҷҷуҳи ин ширкатҳои бузург ба майдони нафтугаздори Тоҷикистон гардида, бо узвияти онҳо ин бахш яке аз бахшҳои комёбтарин ва муҳаррики рушди иқтисоди Тоҷикистон хоҳад гардид», – изҳор кард намояндаи ширкати Тетис дар Тоҷикистон Назир Шарифов.



