Чанде қабл зимни сафари корӣ ба ш.Люксембург сафири Тоҷикистон дар Гертсогии Бузурги Люксембург Рустамҷон Солиев бо роҳбарияти олии сиёсии ин кишвар як қатор вохӯриҳо доир намуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғоз Рустамҷон Солиевро Сарвазири Люксембург Жан-Клод Юнкер ба ҳузур пазируфт. Дар рафти муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба мусоҳибон ба тамоюли рушди ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳ баҳои мусбат доданд.
Сипас вохӯрии сафири Тоҷикистон бо Муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Люксембург Жан Асселборн баргузор гардид. Ҳангоми табодули андеша ҷонибҳо маҷмӯи васеи матолиби мубрами рӯзномаи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ карданд.
Худи ҳамон рӯз, сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи вакилон (Парламенти) Люксембург Лоран Мозар вохӯрд. Ҳамсӯҳбатҳо имконоти ба роҳ мондан ва тавсеа додани робитаҳои байнипарлумонии ҳарду кишвар, аз ҷумла шаклҳои нигоҳдории тамосҳо дар сатҳи байнипарлумониро матраҳ намуданд.
Зимни вохӯрӣ бо мудири кулли Палатаи савдои Люксембург Пиер Грамегна дипломати тоҷик масъалаҳои барқарорсозии тамосҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории дуҷониба, гузаронидани бизнес форумҳои соҳибкорони ҳарду давлат ва татбиқи ҳамкории самаранок дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, бонкӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкориро мавриди баррасӣ қарор дод.


