Хуҷанд: Ҳукми 1 соли зиндон ба милиса барои шиканҷа

Суди шаҳри Хуҷанд корманди фаврии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Хусрав Ниёзқуловро барои истифодаи шиканҷа ба 1 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди шаҳри Хуҷанд Ҷӯрахон Раҳмонов хабар дод, чанде қабл мурофиаи судӣ оид ба баррасии ин парванда ба итмом расида, Х.Ниёзқулов дар содир намудани ҷиноят […]

Мавлуда Рафиева


Суди шаҳри Хуҷанд корманди фаврии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Хусрав Ниёзқуловро барои истифодаи шиканҷа ба 1 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди шаҳри Хуҷанд Ҷӯрахон Раҳмонов хабар дод, чанде қабл мурофиаи судӣ оид ба баррасии ин парванда ба итмом расида, Х.Ниёзқулов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 143, дараҷ. 1 (Шиканҷа) гунаҳкор дониста шуд. «Ӯ ба як соли маҳрумият аз озодӣ бо адои ҷазо дар зиндони низоми умумӣ маҳкум карда шуд», – гуфт вай.

«Ҳукм алҳол мавриди амал қарор нагирифта, маҳкумшуда аллакай шикояти кассатсионӣ пешниҳод намуд», – афзуд судя.

Бино ба маълумоти тафтишот, моҳи июни соли равон Ниёзқулов ҳамроҳи як корманди дигари милиса ба гумони даст доштан дар паҳнкунии дискҳои дорои филмҳои фаҳш (порнографӣ) шаҳрванди 20-сола М.Ш.-ро боздошт намуда, муддати тамоми рӯз ӯро дар ҳуҷраи кории худ нигоҳ медоранд. Бар асари лату кӯб, аз ҷумла бо шишаи пластикии бо об пуршуда аз ҷониби онҳо, ҷабрдида аз гӯшҳояш ҷароҳат бардошта, гурдааш ҳам осеб мебинад ва ҳамаи инро коршиносони ташхиси судиву тиббӣ ба қайд гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки ин ҳукми дуюм аз рӯи моддаи нави «Шиканҷа»-и Кодекси ҷиноии ҶТ аст. Моҳи сентябри соли равон мутобиқи моддаи «Шиканҷа» нисбат ба нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраф Алиев ҳукми нахустини 7 соли зиндон содир гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.