Ҳукумати Ӯзбекистон аз 1-уми январ транзити гази моеъ тавассути автомобил аз қаламрави кишварашро манъ кард.
Дар қарори ҳукумати кишвари ҳамсоя дар ин робита зикр мегардад, ки ин қарор ба хотири таъмини амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи солимии шаҳрвандон ва муҳити зист қабул шудааст.
Мақомоти дахлдори кишвар вазифадор шудаанд, ки боррасонҳоро дар ин бора огоҳ созанд. Дар сурати ҳамлу нақли ғайриқонунии гази моеъ тавассути қаламрави Ӯзбекистон мақомоти марбута бобати ба даромади давлат табдил додани маҳсулот чораандешӣ хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, тайи моҳҳои ахир гази моеъ дар Тоҷикистон ба яке аз навъҳои сӯзишвории бештар мавриди истифода қарор гирифта, имрӯз зиёда аз 40%-и воситаҳои нақлиёт аз он истифода мекунанд. Ба Тоҷикистон гази моеъ асосан аз Қазоқистон ворид мегардад.
Аз 1-уми январ Ӯзбекистон ҳамчунин транзити маҳсулот бо автомобил тавассути қаламраваш аз Туркияву Эрон ба Тоҷикистонро низ манъ намуд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов ба радиои «Озодӣ» дар ин робита изҳор кардааст, ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо мактуб ба ҳукумати Ӯзбекистон муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки ба ҳамлу нақли маҳсулот бо автомашинаҳои боркаш тавассути қаламраваш ба Тоҷикистон мусоидат намояд.
Н.Ҳакимов гуфтааст, муҳлати созишнома миёни Ӯзбекистон ва Туркияву Эрон дар ин бора ба анҷом расида, бо ҳамин сабаб ҳукуматдорони Ӯзбекистн ба транзити маҳсулот аз ин кишварҳо иҷоза намедиҳанд.
Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки ин мушкилот ба ширкатҳои боррасони Тоҷикистон дахл надорад, зеро созишномаи дахлдор дар ин бора миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон то ҳол амал мекунад.



