Ӯзбекистон транзити гази моеъ тавассути қаламравашро манъ кард

Ҳукумати Ӯзбекистон аз 1-уми январ транзити гази моеъ тавассути автомобил аз қаламрави кишварашро манъ кард. Дар қарори ҳукумати кишвари ҳамсоя дар ин робита зикр мегардад, ки ин қарор ба хотири таъмини амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи солимии шаҳрвандон ва муҳити зист қабул шудааст. Мақомоти дахлдори кишвар вазифадор шудаанд, ки боррасонҳоро дар ин бора огоҳ созанд. […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳукумати Ӯзбекистон аз 1-уми январ транзити гази моеъ тавассути автомобил аз қаламрави кишварашро манъ кард.

Дар қарори ҳукумати кишвари ҳамсоя дар ин робита зикр мегардад, ки ин қарор ба хотири таъмини амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи солимии шаҳрвандон ва муҳити зист қабул шудааст.

Мақомоти дахлдори кишвар вазифадор шудаанд, ки боррасонҳоро дар ин бора огоҳ созанд. Дар сурати ҳамлу нақли ғайриқонунии гази моеъ тавассути қаламрави Ӯзбекистон мақомоти марбута бобати ба даромади давлат табдил додани маҳсулот чораандешӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, тайи моҳҳои ахир гази моеъ дар Тоҷикистон ба яке аз навъҳои сӯзишвории бештар мавриди истифода қарор гирифта, имрӯз зиёда аз 40%-и воситаҳои нақлиёт аз он истифода мекунанд. Ба Тоҷикистон гази моеъ асосан аз Қазоқистон ворид мегардад.

Аз 1-уми январ Ӯзбекистон ҳамчунин транзити маҳсулот бо автомобил тавассути қаламраваш аз Туркияву Эрон ба Тоҷикистонро низ манъ намуд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов ба радиои «Озодӣ» дар ин робита изҳор кардааст, ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо мактуб ба ҳукумати Ӯзбекистон муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки ба ҳамлу нақли маҳсулот бо автомашинаҳои боркаш тавассути қаламраваш ба Тоҷикистон мусоидат намояд.

Н.Ҳакимов гуфтааст, муҳлати созишнома миёни Ӯзбекистон ва Туркияву Эрон дар ин бора ба анҷом расида, бо ҳамин сабаб ҳукуматдорони Ӯзбекистн ба транзити маҳсулот аз ин кишварҳо иҷоза намедиҳанд.

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки ин мушкилот ба ширкатҳои боррасони Тоҷикистон дахл надорад, зеро созишномаи дахлдор дар ин бора миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон то ҳол амал мекунад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.