Ҳукми 18 соли зиндон барои қатли бераҳмонаи нафақахӯр

spot_imgspot_img

Дата:


Сокини 20-солаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд Зуҳро Ҳамроқулова барои куштори барқасдона ба 18 соли зиндон маҳкум гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии макзкур, судяи суди вилояти Суғд Ҷӯрабек Шеров хабар дод, Ҳамроқулова дар қатли бераҳмонаи нафақахӯр гунаҳкор дониста шуд.

Ба қавли судя, дар ҷараёни тафтишот муайян шуд, ки санаи 24-уми июли соли гузашта З.Ҳамроқулова пас аз ҷанҷол бо нафақахӯр Вера Маринина, ки дар манзили ӯ дар шаҳри Хуҷанд муваққатан зиндагӣ дошт, ҳамёни нафақахӯрро бо 111 сомонӣ маблағ дуздида, ӯро ба балкони хона тела медиҳад ва сипас кӯрпаи дар онҷо бударо оташ зада, дарро маҳкам мекунад.

«То расидани ҳамсояҳо ӯ чӣ гуна сӯхтони нафақахӯрро мушоҳид мекунад. «Маринина бо ҷароҳатҳои сӯхтаи зиёд ба бемористон мунтақил гардида, рӯзи дигар ба ҳалокат мерасад», – гуфт номбурда.

Популярное

Похожие материалы