Таҷлили ҷашни 20-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қирғизистон

Чанде қабл дар Бишкек вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов бо вазири маориф ва илми Қирғизистон Канат Содиқов баргузор шуд. Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии ҶТ дар Бишкек, дар мулоқот масоили ҳарчи бештар густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф баррасӣ шуданд. «Сафир барои фароҳам сохтани шароити таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла қирғизҳои этникии Тоҷикистон дар […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар Бишкек вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов бо вазири маориф ва илми Қирғизистон Канат Содиқов баргузор шуд.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии ҶТ дар Бишкек, дар мулоқот масоили ҳарчи бештар густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф баррасӣ шуданд. «Сафир барои фароҳам сохтани шароити таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла қирғизҳои этникии Тоҷикистон дар макотиби олии Қирғизистон ба вазир изҳори миннатдорӣ кард», – зикр мегардад дар иттилоъ.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаи фаъолияти мактабу синфҳои миллӣ барои тоҷикони Қирғизистону қирғизони Тоҷикистон ва таъмини онҳо бо китобҳои дарсии зарурӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. «Олим Раҳмов аз Канат Содиқов даъват кард, ки ба масъалаи роҳ надодан ба иғвогариҳо аз ҷониби ашхоси номақбул ва зуҳуроти таҳаммулпазирӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардад», – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи моҳи январи соли 2013 дар шаҳри Бишкек доир намудани чорабиниҳо ба муносибати 20-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар сурат гирифта, Канат Содиқов ба мусоидати ҳамҷониба дар ин масъала омодагӣ зоҳир кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.