Ҳукми 18 соли зиндон барои қатли бераҳмонаи нафақахӯр

Сокини 20-солаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд Зуҳро Ҳамроқулова барои куштори барқасдона ба 18 соли зиндон маҳкум гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии макзкур, судяи суди вилояти Суғд Ҷӯрабек Шеров хабар дод, Ҳамроқулова дар қатли бераҳмонаи нафақахӯр гунаҳкор дониста шуд. Ба қавли судя, дар ҷараёни тафтишот муайян шуд, ки санаи 24-уми июли соли гузашта […]

Мавлуда Рафиева


Сокини 20-солаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд Зуҳро Ҳамроқулова барои куштори барқасдона ба 18 соли зиндон маҳкум гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии макзкур, судяи суди вилояти Суғд Ҷӯрабек Шеров хабар дод, Ҳамроқулова дар қатли бераҳмонаи нафақахӯр гунаҳкор дониста шуд.

Ба қавли судя, дар ҷараёни тафтишот муайян шуд, ки санаи 24-уми июли соли гузашта З.Ҳамроқулова пас аз ҷанҷол бо нафақахӯр Вера Маринина, ки дар манзили ӯ дар шаҳри Хуҷанд муваққатан зиндагӣ дошт, ҳамёни нафақахӯрро бо 111 сомонӣ маблағ дуздида, ӯро ба балкони хона тела медиҳад ва сипас кӯрпаи дар онҷо бударо оташ зада, дарро маҳкам мекунад.

«То расидани ҳамсояҳо ӯ чӣ гуна сӯхтони нафақахӯрро мушоҳид мекунад. «Маринина бо ҷароҳатҳои сӯхтаи зиёд ба бемористон мунтақил гардида, рӯзи дигар ба ҳалокат мерасад», – гуфт номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.