Таҷлили ҷашни 20-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қирғизистон

spot_imgspot_img

Дата:


Чанде қабл дар Бишкек вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов бо вазири маориф ва илми Қирғизистон Канат Содиқов баргузор шуд.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии ҶТ дар Бишкек, дар мулоқот масоили ҳарчи бештар густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф баррасӣ шуданд. «Сафир барои фароҳам сохтани шароити таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла қирғизҳои этникии Тоҷикистон дар макотиби олии Қирғизистон ба вазир изҳори миннатдорӣ кард», – зикр мегардад дар иттилоъ.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаи фаъолияти мактабу синфҳои миллӣ барои тоҷикони Қирғизистону қирғизони Тоҷикистон ва таъмини онҳо бо китобҳои дарсии зарурӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. «Олим Раҳмов аз Канат Содиқов даъват кард, ки ба масъалаи роҳ надодан ба иғвогариҳо аз ҷониби ашхоси номақбул ва зуҳуроти таҳаммулпазирӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардад», – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи моҳи январи соли 2013 дар шаҳри Бишкек доир намудани чорабиниҳо ба муносибати 20-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар сурат гирифта, Канат Содиқов ба мусоидати ҳамҷониба дар ин масъала омодагӣ зоҳир кард.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...