Корхонаи хурди заргарӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Date:


Ахири моҳи декабр дар шаҳри Қӯрғонтеппа як корхонаи хурди заргарии ҶДММ «Майрамбибӣ» ба истифода дода шуд, ки дар он маҳсулоти заргарӣ аз нуқра бо анъанаҳои халқии тоҷикӣ истеҳсол карда мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон дар корхонаи заргарӣ 10 нафар коргар фаъолият дошта, тибқи нақша дар оянда то 40 нафар ҷойҳои нави корӣ ташкил карда хоҳад шуд.

Тибқи иттилои вазорати мазкур, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 237 корхона ва коргоҳҳои нав таъсис дода шуданд, ки дар онҳо беш аз 5 ҳазору 300 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Дар ин давра дар вилояти Хатлон 67 корхона ва 42 коргоҳ таъсис дода шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

Subscribe

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...