Натиҷагирӣ аз фаъолияти Хадамоти муҳоҷират

Ахири ҳафтаи гузашта дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ оид ба масъалаи ҷамъбасти фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамот баргузор гардид. Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти мазкур иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар, мақомоти раҳбарии Хадамоти муҳоҷират ва роҳбарони бахшҳои минтақавии он […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ оид ба масъалаи ҷамъбасти фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамот баргузор гардид.

Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти мазкур иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар, мақомоти раҳбарии Хадамоти муҳоҷират ва роҳбарони бахшҳои минтақавии он ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, мудири Бахши муҳоҷирати меҳнатии Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Исматов Нуриддин зимни суханрониаш аз омору арқом ва шумораи нодурусти баъзе ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ки дар соҳаи муҳоҷират кору фаъолият доранд ва ҳангоми пешниҳоди маълумотҳо ба хатогиҳо роҳ медиҳанд, изҳори тааҷҷуб кард.

«Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамкориҳо бо субъектҳои хоҷагидор, беҳтар намудани самтҳои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират бо диаспораҳо танзими раванди муҳоҷират, буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ҷустуҷӯ ва кашфи бозори меҳнати кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ, омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ, касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, тавсеаи равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат, назорати риояи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ибрози андеша карданд», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.