Озмуни такрории шаҳрдории Душанбе барои таҷҳизонидани беморхонаи нав

Мақомоти шаҳрдории Душанбе баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи таҷҳизонидани иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» ва «Осоишгоҳ барои 200 ҷой» бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири тиббӣ озмуни кушоди такрорӣ эълон кард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи шартҳои озмун, зимни таҳияи қисмати технологии […]

ASIA-Plus


Мақомоти шаҳрдории Душанбе баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи таҷҳизонидани иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» ва «Осоишгоҳ барои 200 ҷой» бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири тиббӣ озмуни кушоди такрорӣ эълон кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи шартҳои озмун, зимни таҳияи қисмати технологии лоиҳа довталабон бояд истифодаи таҷҳизоти технологии муосири ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалиро пешбинӣ намуда, дар таҳияи он мутахассисони ботаҷрибаи ватаниву хориҷӣ ҷалб карда шаванд.

«Дар интихоби ташкилоти таҳиягари лоиҳа таҷрибаи корӣ дар ин соҳа ва малакаҳои тахассусии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷиҳати минбаъд таҷҳизонидани иншоот бо технологияи муосир ба инобат гирифта мешаванд», – гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.

Ба иттилои манбаъ, барои натиҷагирӣ аз озмун таҳти сарварии вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов комиссия таъсис дода шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки озмуни қаблан эълоншуда дар ин самт бинобар сабаби ҷавобгӯ набудани лоиҳаҳои пешниҳодшуда ба талабот бенатиҷа анҷом ёфтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.