Озмуни такрории шаҳрдории Душанбе барои таҷҳизонидани беморхонаи нав

spot_imgspot_img

Дата:


Мақомоти шаҳрдории Душанбе баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи таҷҳизонидани иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» ва «Осоишгоҳ барои 200 ҷой» бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири тиббӣ озмуни кушоди такрорӣ эълон кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи шартҳои озмун, зимни таҳияи қисмати технологии лоиҳа довталабон бояд истифодаи таҷҳизоти технологии муосири ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалиро пешбинӣ намуда, дар таҳияи он мутахассисони ботаҷрибаи ватаниву хориҷӣ ҷалб карда шаванд.

«Дар интихоби ташкилоти таҳиягари лоиҳа таҷрибаи корӣ дар ин соҳа ва малакаҳои тахассусии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷиҳати минбаъд таҷҳизонидани иншоот бо технологияи муосир ба инобат гирифта мешаванд», – гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.

Ба иттилои манбаъ, барои натиҷагирӣ аз озмун таҳти сарварии вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов комиссия таъсис дода шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки озмуни қаблан эълоншуда дар ин самт бинобар сабаби ҷавобгӯ набудани лоиҳаҳои пешниҳодшуда ба талабот бенатиҷа анҷом ёфтанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...