Озодии иншооти нотамоми ширкати «Мовароуннаҳр» аз «ҳоли ҳабс»

Беш аз 500 мизоҷи ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» дубора ба соҳиби манзил шудан умедворӣ пайдо карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» иҷрокунандаи вазифаи мудири кулли ҶДММ «Мовароуннаҳр» Тӯрабек Охунов хабар дод, мувофиқи қарори чанде қабл содиршудаи Суди олии ҶТ, амволи ғайриманқули ширкат дар шакли иншооти сохтмонаш ниматамом аз «ҳоли ҳабс» озод гардида, сохтмонаш ба итмом мерасад. Ба […]

Наргис Ҳамробоева


Беш аз 500 мизоҷи ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» дубора ба соҳиби манзил шудан умедворӣ пайдо карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» иҷрокунандаи вазифаи мудири кулли ҶДММ «Мовароуннаҳр» Тӯрабек Охунов хабар дод, мувофиқи қарори чанде қабл содиршудаи Суди олии ҶТ, амволи ғайриманқули ширкат дар шакли иншооти сохтмонаш ниматамом аз «ҳоли ҳабс» озод гардида, сохтмонаш ба итмом мерасад.

Ба қавли номбурда, иншооти сохтмонаш ниматамоми ширкат аз 8 бинои баландошёна дар микрорайонҳои 82, 33 ва маҳаллаи Гипроземи пойтахт иборат аст.

«Амволи ғайриманқул муддати 2 солу 3 моҳ дар «ҳоли ҳабс» қарор дошт ва корҳои сохтмонӣ дар он қатъ шуда, пас аз

маҳкум шудани роҳбари ширкат Ҷӯрабек Охунов бо мусодираи амвол

, мизоҷони ширкат борҳо ҷиҳати манъи фурӯши ин иншоот ба Суди олӣ ва Прокуратураи генералӣ муроҷиат намуданд», – гуфт Т.Охунов.

Раиси ширкат Ҷӯрабек Охунов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи ҳамаи моддаҳои пешниҳодшуда – ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ, расонидани зарар ба амвол тавассути фиреб ё суистеъмол аз боварӣ ва камомад гунаҳкор дониста шуд. Бо назардошти қонуни афв, аз муҳлати ҷазои ӯ 7 сол боқӣ мондааст.

Ширкати «Мовароуннаҳр» аз соли 2005 ба сохтмони ипотекии манзили зист машғул аст, аммо аз аҳолӣ қисман ё пурра маблағи сохтмони манзили зистро ҷамъоварӣ намуда, на ҳамаро бо манзили зисти ваъдагӣ таъмин кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.