Шаҳрдорӣ: Бобати созиш бо Кабирӣ ҳарф гуфтан ҳанӯз барвақт аст

Дар робита ба қазияи даъвои мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари шуъбаи маъмуриву ҳуқуқии дастгоҳи раиси пойтахт Фозил Бӯриев иброз дошт, ки то замони дар истеҳсолоти судӣ қарор доштани даъво, бобати созиш бо Кабирӣ сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст. Дар идома ӯ гуфт,  ба масъалаи аз ҷониби адвокати М.Кабирӣ ба суд пешниҳод […]

Аваз Юлдошев


Дар робита ба қазияи даъвои мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари шуъбаи маъмуриву ҳуқуқии дастгоҳи раиси пойтахт Фозил Бӯриев иброз дошт, ки то замони дар истеҳсолоти судӣ қарор доштани даъво, бобати созиш бо Кабирӣ сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.

Дар идома ӯ гуфт,  ба масъалаи аз ҷониби адвокати М.Кабирӣ ба суд пешниҳод шудани сабти видеоии суханрониаш дар ҷаласаи парлумон огаҳӣ надорад.

Чанде қабл дар вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ бо сокинони шаҳри Хуҷанд зикр гардид, ки «сулҳкорона ин масъаларо ҳал карданианд». «Он 20 миллион сомонии зарари маънавиро адвокат муайян кардааст. Далелҳои шаҳрдорӣ, ки онҳо меоранд ҷой надоранд, чунки вақте ки навори баромадро бо стенограмма дар ҷаласа баррасӣ намудаанд, ба хулоса омаданд, ки ягон қонунвайронкунӣ нест. Аммо боз ҳам роҳбарияти ҲНИТ омодаи гузашт буда, тайёр аст, ки сулҳҷӯёна масъаларо ҳал кунад», – иброз дошта буд раиси ҲНИТ.

Нимаи моҳи декабри соли гузашта адвокати раиси ҲНИТ сабти видеоии сухаронии ӯ дар ҷаласаи МН МО ҶТ аз 10-уми октябрро ба суд пешниҳод кард, ки дар он раиси ҳизб аз мушкилоти экологӣ дар пойтахт ҳарф мезанад.

Даъвои мақомоти шаҳрдории пойтахт нисбати М.Кабирӣ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ мешавад. Зокир Аминов, раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар ин робита изҳор намуд, ки дар ҷаласаи навбатии судӣ, ки санаи баргузориаш ҳанӯз маълум нест, сабти видеоии суханронии вакил баррасӣ мешавад.

Бузургмеҳр Ёров, адвокати раси ҲНИТ изҳор намуд, ки зимни сухаронии чордақиқаинаи худ дар он ҷаласа М.Кабирӣ аз сатҳи пасти фарҳанги экологӣ сухан гуфта, илова намуд, ки дар пойтахт касе ба буридани дарахтону буттаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намесозад ва ин кор хусусияти доимиро ба худ касб намудааст. «Дар Душанбе ба ивази гулгашту хиёбонҳо биноҳои оҳану бетонӣ қомат меафрозанд, ки ба низоми экологии шаҳр мушкилот эҷод месозанд», – гуфта буд раиси ҲНИТ.

Адвокат мегӯяд, сабаби ба суд муроҷиат кардани мақомоти шаҳрдорӣ иттилои интишоршуда дар ОИ TojNews аст, ки дар он вакил зимни суханронӣ гӯё изҳор дошта бошад, ки баъди 10 сол Душанбе бидуни дарахт ва «тамоман урён» мешавад. «Чунин суханонро зерҳимояи ман ба забон наовардааст ва сабти видеоӣ далели ин гуфтаҳост», – таъкид карда буд Б.Ёров.

Б.Ёров имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки санаи дақиқи баргузори мурофиаи судии навбатӣ оид ба ин қазия ҳанӯз маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони мустақил бар ин назаранд, ки мурофиаи судӣ миёни мақомоти шаҳрдории пойтахт ва Муҳиддин Кабирӣ баҳри баҳо додан ба то кадом андоза мустақил будани мақомоти судӣ имкон медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи ноябр мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбат ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парулмони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъво пеш овард. Суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ба даъво пеш овардан боис шуд. Мақомоти шаҳрдории пойтахт дар даъвои худ ба суд талаб кардааст, ки М.Кабирӣ расман аз мақомоти шаҳрдорӣ узр бипурсад.

Дар навбати худ раиси ҲНИТ нисбат ба мақомоти шаҳрдории Душанбе даъвои ҷавобӣ пеш оварда, барои зарари маънавӣ 20 млн. сомонӣ ҷуброн талаб кард. «Мувофиқи қонун дар бораи мақоми вакили МН МО ҶТ, монеъа эҷод сохтан ба фаъолияти вакил масъулият дорад ва даъвои мақомот барои ибрози андеша монеъа эҷод сохтан аст, зеро ӯ нигоҳи худ ба ин масъаларо ҳамчун вакил ва узви комиссияи экологӣ иброз дошт ва ин ҳам дар ҳолест, ки Кабирӣ мушаххасан касеро танқид накарда, аммо мақомоти шаҳрдорӣ бошанд, нисбати раиси ҲНИТ изҳороти дағал баён доштанд», – зикр карда буд Б.Ёров.

Адвокат ҳамчунин гуфт, мақомоти шаҳрдорӣ пешниҳоди созишро қабул накарда, дар натиҷа М.Кабирӣ маҷбур шуд даъвои ҷавобӣ пеш оварад. «Агар даъво қонеъ гардад, 20 млн. сомонӣ ба беҳбуди вазъи экологии шаҳри Душанбе равона хоҳанд гардид», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.