Ҳалокати сарбози ҷавони тоҷик дар марз

Дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон бо қочоқбарони афғон задхӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, бар асари он як марзбони тоҷик ҳалок ва як тани дигар бо ҷароҳатҳо ба бемористон мунтақил шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд, ин ҳодиса ҳанӯз 1-уми январ рух дода, танҳо ҳамин рӯз ба интишори расмии он […]

ASIA-Plus


Дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон бо қочоқбарони афғон задхӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, бар асари он як марзбони тоҷик ҳалок ва як тани дигар бо ҷароҳатҳо ба бемористон мунтақил шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд, ин ҳодиса ҳанӯз 1-уми январ рух дода, танҳо ҳамин рӯз ба интишори расмии он иҷозат шудааст.

«Марзбонони тоҷик шабона зимни назорати марз як гурӯҳи иборат аз наздики 20 нафарро дида, онҳоро ба таваққуф огоҳ мекунанд, вале қочоқбарон ба он итоат накарда, задухӯрди шадиди мусаллаҳона сурат мегирад, ки дар натиҷа сарбози хизмати ҳатмии ҳарбӣ, зодаи 20-солаи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Фазлиддин Қозизода ҳалок ва боз як марзбони ҷавон захмӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки масофаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон беш аз 1,3 ҳазор километрро ташкил дода, амнияти як қисмати он хуб таъмин нест ва аз ин рӯ, қочоқбарони он сӯи рӯдхонаи Панҷ аз он истифода мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.