Саҳми ИА дар ислоҳоти бахши тандурустии Тоҷикистон

Бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Тоҷикистон лоиҳаи «Кӯмаки машваратӣ барои дастгирии ислоҳоти системаи тандурустӣ дар Тоҷикистон»-ро оғоз намуд, ки барои пешбурди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон равона шудааст. Тавре аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз қабили дастгирии Намояндагии Иттиходи Аврупо дар Тоҷикистон буда, дар шакли […]

ASIA-Plus


Бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Тоҷикистон лоиҳаи «Кӯмаки машваратӣ барои дастгирии ислоҳоти системаи тандурустӣ дар Тоҷикистон»-ро оғоз намуд, ки барои пешбурди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Тавре аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз қабили дастгирии Намояндагии Иттиходи Аврупо дар Тоҷикистон буда, дар шакли кӯмаки машваратӣ ба соҳаи тандурустӣ барои таъмини босамари ислоҳоти соҳаи тандурустӣ равона шудааст, ки аз тарафи Ҳукумат ба нақша гирифта шуда буд.

Мақсади асосии лоиҳа ин беҳтаркунии ҳолати солимии аҳолӣ бо назардошти аҳамияти махсус ба гурӯҳҳои  хусусан озордидаи аҳолӣ аз ҳисоби пурзӯргардонии иқтидори институтсионии Вазорати тандурустӣ мебошад, аз он ҷумла барои расонидани хизмати тиббӣ бо назардошти таваҷҷӯҳи махсус ба ёрии аввалияи санитарии тиббӣ. 

Дар доираи амалигардонидани лоиҳа, Вазорати тандурустии ҶТ, ТУТ ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз аввал ба мувофиқа омаданд, ки фаъолиятро ба пурзӯр гардонидани  хизматрасонии аввалияи санитарии тиббӣ ва беҳтар гардонии модулҳои маблағгузории соҳаи тандурустӣ равона созанд. 

Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат аст, ки онон қарор доданд тадриҷан дониш, захира, ва такдири хешро пайванданд. Ҳамроҳ таи 50 соли васеъшавӣ онҳо минтақаи устувор, демократӣ ва рушти бардавомро бунъёд намуда, ҳамзамон гуногунияти фархангӣ, арзи таҳаммул ва кафолати озодии шахсиро нигоҳ доштанд. Иттиҳоди Аврупо омода аст муваффақиятҳо ва арзишҳояшро бо мамолик ва қавмиятҳои бидуни сарҳадоти хеш бо ҳам бубинад.  Аз ин лиҳоз, Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб фаъолият бурда, ҳамасола барои рушти мамлакат ба маблағи тақрибан 25 млн. евро кӯмак фароҳам менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.