Соли гузашта сатҳи таваррум 6,4%-ро ташкил дод

Соли 2012 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 6,4%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, моҳи декабри соли гузашта нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳои хизматрасонӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ ба андозаи 0,1% боло рафтаанд. Қаблан раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор дошта буд, ки дар муқоиса бо пешбиниҳои интизоридошта суръати афзоиши нархҳои истеъмолӣ соли […]

ASIA-Plus


Соли 2012 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 6,4%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, моҳи декабри соли гузашта нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳои хизматрасонӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ ба андозаи 0,1% боло рафтаанд.

Қаблан раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Абдуҷаббор Ширинов

изҳор дошта буд, ки дар муқоиса бо пешбиниҳои интизоридошта суръати афзоиши нархҳои истеъмолӣ соли равон камтар шуданд.  Аввали соли равон БМТ мизони таваррум аз рӯи натиҷаҳои соли равонро дар сатҳи 10,2% пешгӯӣ карда буд.

«Барои ноил гардидан ба ин натиҷаҳо мо иқдомоти муайяне, аз ҷумла меъёри бозтамвилро аз 9,80% то 6,50%-и солона поин бурда талабот ба захираҳои ҳатмии бонкҳоро низ ба андозаи 2% коҳиш додем», – гуфта буд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки соли 2010 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 9,8% ва аз рӯи натоиҷи соли 2011 – 9,3%-ро ташкил дода буд.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар соли равонро дар сатҳи 9% пешгӯӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.