Воридоти беш аз 80 ҳазор тонна гази моеъ дар соли 2012

Соли гузашта ҳаҷми воридоти гази моеъ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 81,2 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 28,2 ҳазор тонна зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, феълан бозори фурӯши чаканаи гази моеъ дар ҷумҳурӣ устувор буда, норасоӣ  ва болоравии нархи он ба мушоҳида намерасад. «Моҳи декабри соли гузашта […]

Заррина Эргашева


Соли гузашта ҳаҷми воридоти гази моеъ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 81,2 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 28,2 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, феълан бозори фурӯши чаканаи гази моеъ дар ҷумҳурӣ устувор буда, норасоӣ  ва болоравии нархи он ба мушоҳида намерасад. «Моҳи декабри соли гузашта ба Тоҷикистон 7,4 ҳазор ва моҳи ноябр 7,8 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, сарфи назар аз устувории бозор, миёни панҷ ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон моҳи декабр дар ширкатҳои «Тоҷирон» ва «Муҳаммад пӯлод» коҳиши босуръати ҳаҷми воридот ба мушоҳида расида, фаъолияти дигар ширкатҳои боқимонда – «Фароз», «Газпромнефт Тоҷикистон» ва «Зет-Газ» дар ин самт устувор аст.

«Соли 2012 нархи миёнаи як тонна гази моеъ то марзи Тоҷикистон ҳудуди 660 доллари ИМА-ро ташкил дода, шурӯъ аз моҳи ноябр арзиши он дар бозори чаканаи ҷумҳурӣ аз 3,80 сомонӣ то 3,60 сомонӣ поин рафт», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки тибқи маълумоти расмӣ, тайи ду-се соли ахир бозори гази моеъи кишвар дар ҳоли афзоиш қарор дошта, ба 40% аз ҳаҷми умумии маводи сӯзишворӣ расидааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Ӯзбекистон аз 1-уми январ транзити гази моеъ тавассути автомобил аз қаламрави кишварашро

манъ кард

. Дар қарори ҳукумати кишвари ҳамсоя дар ин робита зикр мегардад, ки ин қарор ба хотири таъмини амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи солимии шаҳрвандон ва муҳити зист қабул шудааст.

Дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар ин робита тавзеҳ доданд, ки 95%-и ҳаҷми интиқоли гази моеъ ба Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан сурат мегирад ва манъи транзити автомобилии он тариқи қаламрави кишвари ҳамсоя ба бозори сӯзишвории кишвар ҳеҷ тасъсире нахоҳад дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.