Соли гузашта сатҳи таваррум 6,4%-ро ташкил дод

Date:


Соли 2012 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 6,4%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, моҳи декабри соли гузашта нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳои хизматрасонӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ ба андозаи 0,1% боло рафтаанд.

Қаблан раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Абдуҷаббор Ширинов

изҳор дошта буд, ки дар муқоиса бо пешбиниҳои интизоридошта суръати афзоиши нархҳои истеъмолӣ соли равон камтар шуданд.  Аввали соли равон БМТ мизони таваррум аз рӯи натиҷаҳои соли равонро дар сатҳи 10,2% пешгӯӣ карда буд.

«Барои ноил гардидан ба ин натиҷаҳо мо иқдомоти муайяне, аз ҷумла меъёри бозтамвилро аз 9,80% то 6,50%-и солона поин бурда талабот ба захираҳои ҳатмии бонкҳоро низ ба андозаи 2% коҳиш додем», – гуфта буд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки соли 2010 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 9,8% ва аз рӯи натоиҷи соли 2011 – 9,3%-ро ташкил дода буд.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар соли равонро дар сатҳи 9% пешгӯӣ мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...