Ҳуқуқшиносон механизмҳои мубориза бо шиканҷаро меомӯзанд

Дата:


Имрӯз дар Душанбе барои ҳуқуқшиносону ҳимоятгарони созмонҳои ҷамъиятӣ семинари серӯза ба кор шурӯъ намуд, ки дар он масъалаҳои механизмҳои байнулмилалӣ ва миллии озодӣ аз шиканҷа мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамоҳангсози лоиҳаи «Мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» Сергей Романов хабар дод, чорабинии омӯзиши баҳри саҳм гузоштан ба мубориза зидди шиканҷа ва кирдори бераҳмона дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди имконоти ҳуқуқшиносону ҳимоятгарон, ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон аз шиканҷа ва пешбурди меъёрҳои озодӣ аз шиканҷа дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқӣ созмон дода шудааст.

Ба қавли вай, дар семинар ба сифати мураббӣ директори Фонди ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева иштирок хоҳад кард. «Дар доираи семинар ба иштирокдорон асноди байнулмилалии ҳифзи ҷабрдидагон аз шиканҷа, тарзи фаъолияти тартиботи махсуси Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон, фиристодани шикоят ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва пешниҳоди гузориши қонунгузории миллӣ дар бахши пешгирии шиканҷа пешниҳод хоҳанд шуд», – гуфт Романов.

Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки дар анҷоми кори семинар баррасии масъалаи тақвияти ҳамкориҳо миёни ҳимоятгарону ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба масоили марбут ба пешгирии шиканҷа дар назар аст.

Семинар аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» дар доираи лоиҳаи «Мубориза зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Фонди мусоидат дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное