Ба ҳуҷраи ҷаримавӣ фиристодани маҳбусони дар видео сабтшуда

spot_imgspot_img

Дата:


Наздикони маҳбусони муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, маҳбусонеро, ки осори захм аз лату кӯб ва шиканҷааашонро дар навори видеоӣ сабт карда буданд, ба ҳуҷраи ҷаримавӣ фиристода шуда, мавриди кирдори бераҳмона қарор гирифтаанд.

Яке аз наздикони маҳбус Фирӯз Хӯҷамқулов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки маҳбусони дигари муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд дар гуфтугӯи телефонӣ ба ӯ изҳор кардаанд, ки Фирӯз ва дигар ҳамроҳони ӯ дар ҳуҷраи ҷаримавӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Навори видеоии мазкур тавассути телефони ҳамроҳ сабт шуда, дар он 9 нафар маҳбусони моҳи ноябри соли гузашта аз Душанбе ба Хуҷанд интиқолшуда бонавбат дар бораи лату кӯб дар зиндон ҳикоят мекунанд ва осори захму ҷароҳатҳо аз онро нишон медиҳанд.

Хеши Фирӯз бар ин назар аст, ки онҳоро барои сабти видео ба ҳуҷраи ҷаримавӣ фиристода, рӯзҳои наздик ӯ дар ин хусус ба Прокуратураи генералӣ шикоят хоҳад бурд.

Дар ҳамин ҳол, дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори муассисаи ислоҳии Я/С №3-и шаҳри Хуҷанд Диловар Арабов дар ин робита изҳор намуд, ки иттилои ба ҳуҷраи ҷаримавии зиндон фиристодани маҳбусони дар навори видео сабтшуда ҳеҷ асоси воқеӣ надорад.

«Аз кадом манбаъ пайдо шудани ин маълумотро ман намефаҳмам. Онҳо тартиботи реҷаи дохилиро риоя мекунанд ва аз ин рӯ, барои ба ҳуҷраи ҷаримавӣ фиристодани онҳо ҳеҷ асосе нест. Вазъи онҳо хуб буда, дар минтақаи умумӣ қарор доранд», – гуфт номбурда.

Популярное

Похожие материалы