Ҳамсари У.Қувватов аз Amnesty International кӯмак хост

Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, муассиси ҳаракати мухолифи ҳукумати «Гурӯҳи-24», ки ахири моҳи декабр шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт шуда буд, ҷиҳати мусоидату кӯмак ба озодии шавҳараш ба Созмони  Афви Байналмилал (Amnesty International) муроҷиат намуд. Дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» рӯзи 8-уми январ Ҳафизова гуфтааст, дар муроҷиатномааш ба Созмони Афви Байналмилал навиштааст, ки дар […]

ASIA-Plus


Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, муассиси ҳаракати мухолифи ҳукумати «Гурӯҳи-24», ки ахири моҳи декабр шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт шуда буд, ҷиҳати мусоидату кӯмак ба озодии шавҳараш ба Созмони  Афви Байналмилал (Amnesty International) муроҷиат намуд.

Дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» рӯзи 8-уми январ Ҳафизова гуфтааст, дар муроҷиатномааш ба Созмони Афви Байналмилал навиштааст, ки дар сурати истирдорди Қувватов ба Тоҷикистон, ӯ мавриди зӯру шиканҷа ва азият қарор хоҳад гирифт. Ҳафизова дар номаи худ таъкид кардааст, ки ҳамсарашро фақат ба хотири изҳороти зидди президенти Тоҷикистон боздошт кардаанд.

«Ӯ ҳамчунин ба сафорати Амрико ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон низ муроҷиат карда, дархост намудааст, ки барои озодии шавҳараш аз боздоштгоҳи Дубай мусоидат кунанд», – менависад радиои «Озодӣ».

Ба иттилои ҳамин манбаъ, Умаралӣ Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай аз сӯи маъмурони амниятии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Ба гуфтаи афроди наздик ба Қувватов, ӯ бояд аз Дубай ба Брюссел мерафт. Тоҷикистон бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 сол пеш созишнома имзо карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.