Хуҷанд: 30 корхонаи нави саноатӣ дар соли гузашта

Соли гузашта дар корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 359 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2011-ум 13,8 фоиз зиёд аст. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки соли гузашта шумори корхонаҳои саноатӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд ба 75 адад расида, дар ин давра 30 корхонаи […]

Мавлуда Рафиева


Соли гузашта дар корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 359 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2011-ум 13,8 фоиз зиёд аст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки соли гузашта шумори корхонаҳои саноатӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд ба 75 адад расида, дар ин давра 30 корхонаи нав мавриди истифода ва 600 нафар бо ҷойҳои корӣ дар онҳо таъмин карда шуданд.

Ӯ зикр кард, ки соли гузашта 7 корхона ба коркарди нахи пахта машғул гардида, натиҷаи кори онҳо коркарди 1882 тонна маҳсулот аст. «Соли равон низ ба истифода додани боз 30 корхонаи нави саноатӣ бо 600 ҷойҳои нави корӣ дар назар аст», – иброз дошт раиси шаҳри Хуҷанд.

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд 26 иншооти таъиноти фарҳангиву маишӣ ва манзиливу коммуналӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо харҷи 970 тонна асфалт беш аз 8 ҳазор метри мураббаъи роҳҳои маркази шаҳр асфалтпӯш шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.