Барканории нафақахӯрон аз мансаб бидуни хоҳиш

spot_imgspot_img

Дата:


Муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди президенти ҶТ Грез Қосимов изҳор намуд, ки мақомоти раҳбарии сохторҳои давлатӣ ба барканории нафақахӯрон аз мансаб бидуни мувофиқа бо онҳо ҳуқуқ доранд.

«Моҳи декабри соли гузашта аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба тамоми сохторҳои давлатӣ мактуб фиристода шуда, дар он бобати коҳиши шумори мансабдорони давлатии синнусоли нафақа сухан меравад ва аз ин рӯ, онҳо ба аз кор озод кардани нафақахӯрон бидуни хоҳиши онҳо ҳуқуқ доранд», – гуфт ӯ зимни нишасти хабарӣ.

Ба қавли вай, агар сохтори давлатӣ дарвоқеъ ҳам ба ин корманди нафақахӯр ниёз дошта бошад, пас метавонад муҳлати қарордоди меҳнатӣ бо нафақахӯрро ба муҳлати 2 сол дароз кунад.

Г.Қосимов зикр кард, ки айни замон шумори хизматчиёни давлатии синнусоли нафақа дар Тоҷикистон ҳудуди 80 нафар ё худ тақрибан 0,45% аз шумори умумии хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳад. Ба аввали моҳи январи соли равон шумори мансабдорони давлатии Тоҷикистон беш аз 18,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Мувофиқи моддаи 11-и қонун дар бораи таъминот бо нафақа, дар Тоҷикистон мардон дар 63-солагӣ бо собиқаи кории на камтар аз 25 сол ва занон дар 58-солагӣ бо собиқаи кории на камтар аз 20 сол ба нафақа мебароянд.

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ба санаи 1-уми ноябри соли 2012 шумори нафақахӯрон дар кишвар ба 589 ҳазору 820 нафар расид, ки 7,6% аз шумори умумии аҳолиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми маблағи нафақа миёна дар ҷумҳурӣ ба 152 сомонӣ (32 $) баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар робита ба супориши Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат бобати қатъи қарордод бо нафақахӯрон изҳор намуд, ки сарфи назар аз синнусол,

кормандони бахши маориф

аз вазифаҳояшон барканор карда намешаванд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...