Барканории нафақахӯрон аз мансаб бидуни хоҳиш

Муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди президенти ҶТ Грез Қосимов изҳор намуд, ки мақомоти раҳбарии сохторҳои давлатӣ ба барканории нафақахӯрон аз мансаб бидуни мувофиқа бо онҳо ҳуқуқ доранд. «Моҳи декабри соли гузашта аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба тамоми сохторҳои давлатӣ мактуб фиристода шуда, дар он бобати коҳиши шумори мансабдорони давлатии синнусоли нафақа сухан меравад […]

Пайрав Чоршанбиев


Муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди президенти ҶТ Грез Қосимов изҳор намуд, ки мақомоти раҳбарии сохторҳои давлатӣ ба барканории нафақахӯрон аз мансаб бидуни мувофиқа бо онҳо ҳуқуқ доранд.

«Моҳи декабри соли гузашта аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба тамоми сохторҳои давлатӣ мактуб фиристода шуда, дар он бобати коҳиши шумори мансабдорони давлатии синнусоли нафақа сухан меравад ва аз ин рӯ, онҳо ба аз кор озод кардани нафақахӯрон бидуни хоҳиши онҳо ҳуқуқ доранд», – гуфт ӯ зимни нишасти хабарӣ.

Ба қавли вай, агар сохтори давлатӣ дарвоқеъ ҳам ба ин корманди нафақахӯр ниёз дошта бошад, пас метавонад муҳлати қарордоди меҳнатӣ бо нафақахӯрро ба муҳлати 2 сол дароз кунад.

Г.Қосимов зикр кард, ки айни замон шумори хизматчиёни давлатии синнусоли нафақа дар Тоҷикистон ҳудуди 80 нафар ё худ тақрибан 0,45% аз шумори умумии хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳад. Ба аввали моҳи январи соли равон шумори мансабдорони давлатии Тоҷикистон беш аз 18,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Мувофиқи моддаи 11-и қонун дар бораи таъминот бо нафақа, дар Тоҷикистон мардон дар 63-солагӣ бо собиқаи кории на камтар аз 25 сол ва занон дар 58-солагӣ бо собиқаи кории на камтар аз 20 сол ба нафақа мебароянд.

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ба санаи 1-уми ноябри соли 2012 шумори нафақахӯрон дар кишвар ба 589 ҳазору 820 нафар расид, ки 7,6% аз шумори умумии аҳолиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми маблағи нафақа миёна дар ҷумҳурӣ ба 152 сомонӣ (32 $) баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар робита ба супориши Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат бобати қатъи қарордод бо нафақахӯрон изҳор намуд, ки сарфи назар аз синнусол,

кормандони бахши маориф

аз вазифаҳояшон барканор карда намешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.