Шумори мансабдорони Тоҷикистон 18,3 ҳазор нафар аст

Ба аввали моҳи январи соли равон шумори мансабдорони давлатии Тоҷикистон беш аз 18,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди президенти ҶТ Грез Қосимов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки ба ин шумор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён шомил нестанд. Г.Қосимов зикр кард, ки аз шумори умумии хизматчиёни давлатӣ зиёда аз […]

Пайрав Чоршанбиев


Ба аввали моҳи январи соли равон шумори мансабдорони давлатии Тоҷикистон беш аз 18,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди президенти ҶТ Грез Қосимов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки ба ин шумор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён шомил нестанд.

Г.Қосимов зикр кард, ки аз шумори умумии хизматчиёни давлатӣ зиёда аз 11 ҳазор нафар дар мақомоти марказӣ ва тақрибан 7 ҳазор нафар дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд.

Ба қавли вай, соли гузашта музди меҳнати миёнаи мансабдори давлатии Тоҷикистон 802 сомонӣ (168 $)-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли гузашта 134 сомонӣ (76 $) зиёдтар аст.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки айни замон ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали мансабдори давлатӣ 350 сомониро ташкил медиҳад. «Хизматчиёни давлатии дараҷаи олӣ 2 ҳазор сомонӣ маош гирифта, музди меҳнати онҳо вобаста ба собиқаи корӣ тасҳеҳ мешавад», – гуфт Қосимов.

Дар робита ба нишондиҳандаҳои музди меҳнати аъзои ҳукумат муовини Раёсати хизмати давлатӣ хомӯширо авло донист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.