Бозхонди иҷозатномаи иктишофи конҳои нафту газ аз як ширкати Сингапур

spot_imgspot_img

Дата:


Ширкати «Марвис»-и Сингапур шартҳои иҷозатнома оид ба баргузории корҳои иктишофӣ дар ду кони нафту гази Тоҷикистонро ба иҷро нарасонида, аз он маҳрум карда мешавад.

Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Азим Иброҳим зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки инҷо сухан сари иктишофи сатҳи поёнии конҳои «Қизил тумшуқ» ва «Гулдара»-и воқеъ дар ҷануби ҷумҳурӣ меравад ва ширкати «Марвис» барои корҳои иктишофӣ дар онҳо ҳанӯз чор сол қабл иҷозатнома гирифта будааст.

«Мо чандин маротиба ҷиҳати оғози корҳо ба онҳо муроҷиат карда, супориши ҳукумат дар бораи бозхонди иҷозатномаро ба онҳо фиристодем, вале аз онҳо ҳеҷ посухе нагирифтем ва ояндаи наздик тариқи суд иҷозатномаро бозпас хоҳем гирифт», – гуфт вай.

Азим Иброҳим аз фаъолияти ширкати Gazprom International дар майдони нафтугаздори Сариқамиш дар минтақаи ҷанубу ғарби Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Тибқи маълумоти ахир, дар чоҳи кофтуковии «Шаҳринав-1п»-и ин минтақа аз чуқурии нақшавии 6,5 ҳазор метр беш аз 5,5 ҳазораш парма шудааст. «Бо анҷоми корҳои пармакунӣ дар ин чоҳ захираҳои газ муайян шуда, чоҳи истифодабарӣ насб ва истихроҷи газ шурӯъ мегардад», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки соли 2012 барои анҷоми корҳои иктишофи геологӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 800 млн. сомонӣ маблағ ҷалб гардида, беш аз 700 млн. сомонии он ба соҳаи нафту газ равона шудааст. «Ҳаҷми истихроҷи нафту гази дохилӣ ҳамагӣ 5%-и талаботи умумии ҷумҳуриро қонеъ месозанд», – афзуд А.Иброҳим.

Ҳанӯз дар даврони шӯравӣ маълумоте ба даст оварда шуда буд, ки мувофиқи он, дар Тоҷикистон захираи 113 млн. тонна нафт ва 863 млрд. метри мукааб гази табиӣ мавҷуданд.

Конҳои «Супетау» дар вилояти Суғд, «Қашкокум», «Ренган», «Олимтой», «Саргазон» ва «Ялгизкак» дар минтақаи ҷанубу ғарби кишвар аз минтақаҳои ояндадори истихроҷи нафту гази Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд. Айни замон дар 4 кон – «Қизил-Тумшуқ», «Хоҷа Сартез» ва «Биштинчак» дар минтақаи ҷануб ва «Ниёзбек» дар шимол корҳои иктишофӣ ба роҳ монда шудаанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...