Беш аз 3 млн. $ барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ

spot_imgspot_img

Дата:


Тӯли солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон 282 адад нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 25,2 ҳазор кВт мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 17 адад нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 1,9 ҳазор кВт ба истифода дода шуда, маблағи умумии хароҷоти бунёди он 14,7 млн. сомонӣ (3,08 млн. $)-ро ташкил дод.

«Аз 17 нерӯгоҳи хурдии барқии соли гузашта бунёдёфта 3-тоаш аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ва бурсҳо ва 14-тоаш аз ҳисоби сармоягузории хусусии маҳаллӣ сохта шуданд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, то соли 2015 дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани боз 70 нерӯгоҳи хурди обиву барқӣ дар назар аст. «Феълан сохтмони 14 нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии беш аз 16 ҳазор кВт идома дошта, 11-тои онҳо аз ҳисоби бурсҳо ва 3-тоаш аз ҳисоби сармоягузорони маҳаллӣ маблағгузорӣ шудаанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки барои озмоиши истифода аз сарчашмаҳои алтернативии энергия дар манотиқи кишвар 9 адад дастгоҳҳои истеҳсоли нерӯи барқи бодӣ (шамолӣ) бо иқтидори умумии 5 кВт ва 2,7 ҳазор адад дастгоҳҳои истеҳсоли нерӯи барқ аз офтоб насб шудаанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...