Дар ҷаласаи васеи ҳукумати ҶТ, ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ мекунад, натоиҷи рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат тайи соли 2012 баррасиву ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли ҷории 2013 муайян карда мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, дар ҷаласа таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони шаҳру навоҳӣ оид ба фаъолият дар соли гузашта натиҷагирӣ мешавад. Муддати ду рӯз идома ёфтани ҷаласаи мазкури ҳукумат аз эҳтимол дур нест.
Дар ҳамин ҳол, бино ба тахминҳои аксари коршиносон, чун дар ба ин монанд ҷаласаҳои қаблии ҳукуматӣ, дар ин ҷаласа аз тағйироти ҷиддии кадрӣ дар сохтори ҳукумат интизорӣ намеравад.
Тирамоҳи соли равон дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи президент баргузор мешавад. Мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, пас аз эълони натоиҷи интихобот, ҳукумат бояд дар ҳайати пурра ба истеъфо равад. Коршиносон муътақиданд, ки то интихобот президент ба азнавсозии ҷиддии дастаи худ иқдом намеварзад.


