Коршиносон: Дар ҳукумат тағйироти ҷиддии кадрӣ сурат намегирад

Дар ҷаласаи васеи ҳукумати ҶТ, ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ мекунад, натоиҷи рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат тайи соли 2012 баррасиву ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли ҷории 2013 муайян карда мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, дар ҷаласа таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоботи роҳбарони […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи васеи ҳукумати ҶТ, ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ мекунад, натоиҷи рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат тайи соли 2012 баррасиву ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли ҷории 2013 муайян карда мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, дар ҷаласа таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони шаҳру навоҳӣ оид ба фаъолият дар соли гузашта натиҷагирӣ мешавад. Муддати ду рӯз идома ёфтани ҷаласаи мазкури ҳукумат аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин ҳол, бино ба тахминҳои аксари коршиносон, чун дар ба ин монанд ҷаласаҳои қаблии ҳукуматӣ, дар ин ҷаласа аз тағйироти ҷиддии кадрӣ дар сохтори ҳукумат интизорӣ намеравад.

Тирамоҳи соли равон дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи президент баргузор мешавад. Мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, пас аз эълони натоиҷи интихобот, ҳукумат бояд дар ҳайати пурра ба истеъфо равад. Коршиносон муътақиданд, ки то интихобот президент ба азнавсозии ҷиддии дастаи худ иқдом намеварзад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.