Ахири ҳафтаи гузашта миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бино ба маълумоти Хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, Ёддошт аз ҷониби вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ ва сафири САҲА Ивар Ваки пас аз гуфтушуниди дуҷониба ба имзо расид.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иҷрои барнома дар соҳаи энергетика бо мақсади мустаҳкам намудани манбаи техникию меъёрӣ дар бахши нерӯгоҳҳои хурди барқии Тоҷикистон ва густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, инчунин таҷдид ва азнавсозии НБО-ҳои хурди амалкунандаро дар мавзеи ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
«Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар ин бахш ба манфиатҳои тарафайн судманд хоҳад буд», – гуфта мешавад дар хабари вазорат.



