Ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ дар соли 2012 – беш аз 5,1 млрд. $

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта 5 млрд. 137,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 15,1% ё худ 674 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили ҳудуди 2 млрд. 418 млн. доллари […]

ASIA-Plus


Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта 5 млрд. 137,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 15,1% ё худ 674 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили ҳудуди 2 млрд. 418 млн. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 102 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 92 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Соли сипаришуда ҳаҷми содироти мол 1, 3 млрд. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 8,1%  зиёдтар мебошад.. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 3,7 млрд. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 17,8 бештар аст.

Дар муқоиса бо соли гузашта соли равон ҳаҷми содироти маҳсулоти ғизоии тайёр ба андозаи 52%, мошину таҷҳизот – 42,6%, фулузоти арзон ва маснӯоти он – 18,9% ва маҳсулоти рустанӣ ба миқдори 8,2% коҳиш ёфт. Содироти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 2 баробар, маҳсулоти минералӣ – 2 баробар ва металлҳои қиматбаҳо ба миқдори 58% афзуд.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 2,3 баробар, маҳсулоти рустанӣ – 35,8%, маҳсулоти тайёри ғизоӣ – 10% зиёд шуд.

Соли гузашта воридоти гази табиӣ аз рӯйи ҳаҷм 26,5% ва аз рӯйи арзиш 20,1%  коҳиш ёфт. Тӯли соли сипаришуда ба Тоҷикистон ба маблағи 38,6 млн. $ 132,4 млн. метри мукааб газ ворид карда шуд.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол Русия боқӣ монда, соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – 779 млн. $, Чин – 669 млн. $, Туркия – 600 млн. $, Афғонистон – 232 млн. $ ва Эрон – 217 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.