Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми беш аз 2 млрд. $

Соли гузашта дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 9,8 млрд. сомонӣ (беш аз 2 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта ба андозаи 10,4% зиёдтар аст. «Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар навбати аввал аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли он дар корхонаҳои […]

ASIA-Plus


Соли гузашта дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 9,8 млрд. сомонӣ (беш аз 2 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта ба андозаи 10,4% зиёдтар аст.

«Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар навбати аввал аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли он дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноат, аз ҷумла ШСХ «Барқи тоҷик», истихроҷи нафту гази табиӣ, саноати истихроҷи ангишт, навъҳои алтернативии энергия ва саноати кӯҳкории истихроҷи маъдан таъмин шуд», – зикр мегардад дар маълумоти Агентии омор.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – 12,7, саноати коркард – 69,6 ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 17,7%-ро ташкил додааст.

Корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ соли гузашта ба маблағи зиёда аз 3,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо соли 2011 ба андозаи 21,3% бештар аст.

Дар корхонаҳои коркарди нахи пахта ба маблағи беш аз 1,2 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 32,7% зиёд аст.

Аз ҷониби корхонаҳое, ки тобеъи Вазорати энергетика ва саноат нестанд, соли гузашта ба маблағи умумии ҳудуди 1,3 млрд .сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ ба андозаи 11,9% бештар мебошад.

Аз 89 навъи маҳсулоти саноатии муҳим соли 2012 дар 55 номгӯи он (61,8%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 28 номгӯй (31,5%) истеҳсоли он коҳиш ёфта, 6 номгӯи маҳсулот (6,7%) истеҳсол нашудаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.