Талаби ҳукми 27 соли зиндон ба гумонбари қатли хеши президент

Мурофиаи судии гумонбар ба қатли хеши президент, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафаров дар арафаи анҷомёбист. Парванда махфӣ унвон шуда, мурофиа пушти дарҳои пӯшида дар боздоштгоҳи тафтишотии Вазорати адлияи ҶТ ҷараён дорад. Дар ҷаласаи навбатӣ рӯзи сешанбе, 15-уми январ, айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки гумонбаршуда Диловаршо Қосимов мутобиқи тамоми моддаҳои пешниҳодшуда […]

ASIA-Plus


Мурофиаи судии гумонбар ба қатли хеши президент, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафаров дар арафаи анҷомёбист. Парванда махфӣ унвон шуда, мурофиа пушти дарҳои пӯшида дар боздоштгоҳи тафтишотии Вазорати адлияи ҶТ ҷараён дорад.

Дар ҷаласаи навбатӣ рӯзи сешанбе, 15-уми январ, айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки гумонбаршуда Диловаршо Қосимов мутобиқи тамоми моддаҳои пешниҳодшуда – куштор, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва серзанӣ гунаҳкор эътироф гардида, ба муддати 27 соли зиндон маҳкум карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари Д.Қосимов хабар дод, зерҳимояи ӯ худро танҳо дар серзанӣ гунаҳкор эътироф намуда, бо дархости айбдоркунандаи давлатӣ ӯ бояд дар ҳаҷми 1,5 ҳазор нишондиҳандаи ҳисоб ҷаримабандӣ шавад.

«Ман ба ақидаи айбдоркунандаи давлатӣ розӣ нестам, зеро дар парвандаи ҷиноӣ далелҳои аз ҷониби зерҳимояи ман ба қатл расонидани Холмӯъмин Сафаров мавҷуд нестанд ва тамоми айб бар асоси тахмину гумонҳо асос ёфтааст», – гуфт Қудратов.

Ҳимоятгар таъкид кард, ки баёноти зерҳимояаш зимни тафтишоти пешакӣ дар бораи иқрори гуноҳ зери фишор ва шиканҷа гирифта шудааст. «Пас аз ба ҳимоя пардохтани Қосимов аз ҷониби ман, ӯ аз баёноти пешина даст кашида, изҳор кард, ки онҳо зери фишори тафтишот гирифта шудаанд», – зикр кард ҳимоятгар.

Тибқи баъзе маълумот, назди суд ба ҷуз гумонбар ба қатл Диловаршо Қосимов, бародарон Маҳмадтоҳир ва Маҳмадфозил Ҳакимовҳо низ барои огоҳ накардан дар бораи куштор ҷавоб мегӯянд. Барои онҳо прокурор мутаносибан 8 ва 3 соли ҳукми зиндонро дархост кард.

Мурофиаи додгоҳӣ оид ба

баррасии парвандаи мазкур

24-уми декабри соли гузашта оғоз гардида буд. Аз содир намудани ҳукми суд оид ба ин парванда рӯзи 18-уми январ интизорӣ меравад.

Доир ба шарҳи масъала ОИ «Азия-Плюс» ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намуд, вале дар он ҷо то содир шудани ҳукми суд аз шарҳу тавзеҳ худдорӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.