Соли гузашта аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 17 далели ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаҳои автомашинаҳо ба қайд гирифта шуданд.
Муовини сардори Раёсати ВКД ҶТ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон полковник Абудлваҳҳоб Исканадров зимни конфронси матбуотӣ изҳор намуд, ки ҳар кадоме аз ронандагони ин автомашинаҳо ба маблағи 1000 доллари ИМА ҷаримабандӣ шуда, маблағӣ ҷарима пардохт ва ба буҷети кишвар равона гардидааст.
«Дар қаламрави минтақаи Кӯлоб соли гузашта дар маҷмӯъ 74 ҳазору 510 ҳолатҳои қонуншиканиҳои марбут ба Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла 2 ҳазору 457 ҳодисаи идораи воситаи нақлиёт бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ сабт шуданд», – гуфт вай.
Ба қавли Искандаров, соли 2012 дар қаламрави минтақаи Кӯлоб 1062 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, мизони ошкорсозии онҳо 92,2%-ро ташкил медиҳад. «Дар ин давра аз аҳолӣ 165 адад силоҳи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла 17 адад автомати Калашников дарёфт ва мусодира гардида, ҳамчунин ҳудуди 1,2 тонна маводи мухаддир низ мусодира гардид», – афзуд номбурда.


