Президент: Барои Тоҷикистон соли 2012 бобарор буд

Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд, ки дар он дастовардҳои соли 2012 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дурнамою нақшаҳо барои оянда мушаххас мегарданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои иштирок дар маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат ва аъзои ҳукумат, роҳбарони идораҳои […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд, ки дар он дастовардҳои соли 2012 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дурнамою нақшаҳо барои оянда мушаххас мегарданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои иштирок дар маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат ва аъзои ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди президент ва ҳукумат, масъулони Дастгоҳи иҷроияи президент, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо ва дигар шахсони расмӣ ҷамъ омадаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сухани ифтитоҳии худ таъкид дошт, ки соли 2012 барои Тоҷикистон, новобаста ба бӯҳрони идомаёбанда дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои берунаи манфӣ, соли бобарор ва заҳмати созандаю ободкорона буд. Ба гуфти ӯ дигаргуниҳо барои беҳсозии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои молӣ идома ёфта, суботи макроиқтисодӣ дар кишвар нигоҳ дошта шуд.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи Сарвазири кишвар Оқил Оқилов доир ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2012 шунида шуд. Тавре зикр гардид, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2012 ҳамчун нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ 7,5 фоиз афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2011 6,1 млрд. сомонӣ зиёд гардид ва дар маҷмӯъ ҳаҷми он ба 36,2 млрд. сомонӣ расида, ба ҳар як сари аҳолӣ 4700 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 17,7 фоиз зиёд аст.

Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии кишвар дар соли 2012 6,4 фоизро ташкил дод.

Нақшаи иҷрои даромади ҷории Буҷети давлатӣ дар сатҳи 101,4 фоиз таъмин гардида, ба он 10 млрд. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 140 миллион сомонӣ зиёд аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.