Оғози мавсими Ҳаҷ-2013 дар Тоҷикистон

Нимаи дуюми моҳи январи соли ҷорӣ қабули ҳуҷҷатҳои шахсони хоҳишманд ба адои маросими ҳаҷ дар соли 2103 оғоз гардида, ахири моҳи феврал ба итмом мерасад. Бино ба маълумоти Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ, ба хотири сипарӣ намудани мавсими ҳаҷ-2013 Кумита тасмим гирифтааст, ки қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагонро нисбат ба соли гузашта барвақттар ба […]

Аваз Юлдошев


Нимаи дуюми моҳи январи соли ҷорӣ қабули ҳуҷҷатҳои шахсони хоҳишманд ба адои маросими ҳаҷ дар соли 2103 оғоз гардида, ахири моҳи феврал ба итмом мерасад.

Бино ба маълумоти Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ, ба хотири сипарӣ намудани мавсими ҳаҷ-2013 Кумита тасмим гирифтааст, ки қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагонро нисбат ба соли гузашта барвақттар ба роҳ монад то ин ки зоирин барои ҷо ба ҷо намудани ҳуҷҷатҳои худ ва саривақт супоридани онҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳо фурсати бештаре дошта бошанд.

«Ҳуҷҷатҳои зоирин на дертар аз 10 –уми март бояд ба Кумита оид ба корҳои дин пешниҳод карда шаванд», – гуфтанд дар Кумита.

Ба иттилои манбаъ, Кумита барои интихоби роҳбаладон дар мавсими ҳаҷ – 2013 низ озмун эълон кард. «Талаботи озмун ба доваталабон аз донистани забони арабӣ, на камтар аз як бор ба зиёрати хонаи Худо рафтан, синнусол аз 25 то 55 сола ва донистани маносики ҳаҷ иборат буда, мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба озмун то 31-уми январи соли ҷорӣ муқаррар шудааст», – афзуд манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Вазорати умури ҳаҷи Арабистони Саъудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ 6 ҳазор адад квота ҷудо намуд. Арзиши умумии адои маросими ҳаҷи соли гузашта барои тоҷикистониён 3 ҳазору 546 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.