Сафорат: Ба тафтиши мунсифонаи ҳодисаи Одинсово умедворем

Кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар ин кишвар дар маросими муайян кардани шахсияти ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Ҷумъахон Азизов иштирок карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, дар ин маросим ҳамчунин бародари ҳалокшуда Бахтиёр Азизов ва амаки онҳо низ ҳузур доштааст. […]

Пайрав Чоршанбиев


Кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар ин кишвар дар маросими муайян кардани шахсияти ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Ҷумъахон Азизов иштирок карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, дар ин маросим ҳамчунин бародари ҳалокшуда Бахтиёр Азизов ва амаки онҳо низ ҳузур доштааст.

Ба гуфтаи вай, бо дархости ҷониби Тоҷикистон ба баррасии қазияи мазкур адвокати маскавӣ Мурод Тоҳиров ҷалб шудааст. «Мо умедворем, ки тафтиши ҳодисаи Одинсово беғаразона ва мунсифона сурат хоҳад гирифт. Айни замон ҷараёни таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати шахсии сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев қарор дорад», – иброз дошт М.Эгамзод.

Номбурда таъкид кард, ки ҳарчанд алҳол дар бораи асосҳои воқеии ҳодисаи мазкур ба хулосаи мушаххасе расидан барвақт бошад ҳам, санҷиши хизматӣ бояд тамоми ҳолатҳои ҳодисаи рухдодаро муқаррар намояд.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта

дар бемористони ноҳияи Одинсовои

вилояти Маскави Русия шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Мӯъминобод Ҷумъахон Азизов ба ҳалокат расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.