Истихроҷи 412 ҳазор тонна ангишт дар соли гузашта

Соли гузашта истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ба 412 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба миқдори 175 ҳазор тонна зиёд мебошад. Бино ба маълумоти хадамоти мтбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар иҷрои нақшаи соли 2012 ҳиссаи корхонаи КФ Шахтаи «Фон Яғноб» (73%) назаррас буда, 38,8 фоизи ангишти дар […]

ASIA-Plus


Соли гузашта истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ба 412 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба миқдори 175 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Бино ба маълумоти хадамоти мтбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар иҷрои нақшаи соли 2012 ҳиссаи корхонаи КФ Шахтаи «Фон Яғноб» (73%) назаррас буда, 38,8 фоизи ангишти дар ҷумҳурӣ истихроҷгардидаро ташкил дод.

Ба иттилои манбаъ, бо назардошти бақияи солҳои қаблӣ дар якҷоягӣ бо воридот, соли гузашта  фурӯши ангишт дар ҷумҳурӣ зиёда аз 444 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 206 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт ва нуқтаҳои фурӯш зиёда аз 35 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Айни замон дар саросари кишвар ҳудуди 2 ҳазор нуқтаҳои фурӯши ангишт амал мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ 154 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолияташонро пурра бо ангишт ба роҳ монданд, ки талаботи умумии солонаи онҳо зиёда аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.