ВКД: Кушта шудани узви гурӯҳи террористӣ дар посгоҳи БДА-и Конибодом

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи рӯзи 14-уми январ дар посгоҳи БДА-и Конибодом иттилои расмӣ пахш кард. «Рӯзи 14 январи соли равон тахминан соати 15.30-дақиқа аз ҷониби кормандони БДА Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Конибодом автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» бо рақамҳои қайди транзитии таҳти идораи 2 нафар шахсони номаълум қарордошта боздошт гардида, барои тартиб […]

ASIA-Plus


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи рӯзи 14-уми январ дар посгоҳи БДА-и Конибодом иттилои расмӣ пахш кард.

«Рӯзи 14 январи соли равон тахминан соати 15.30-дақиқа аз ҷониби кормандони БДА Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Конибодом автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» бо рақамҳои қайди транзитии таҳти идораи 2 нафар шахсони номаълум қарордошта боздошт гардида, барои тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба майдончаи ҷаримавии ШБДА оварда шуд», – зикр мегардад дар иттилоъ.

Дар идома қайд мешавад, ки ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи зикргардида ронанда ва мусофири он ба сӯи кормандони ШБДА аз яроқи оташфишон тир холӣ карда, якеро ба ҳалокат расонидаву дигариро захмӣ ва  ҷои ҳодиса фирор менамоянд.

Зикр мегардад, ки дар натиҷаи андешидани чорабиниҳо автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ва ронандаву мусофири он муайян гардида, ҳангоми дастгир намудан ба кормандони милитсия муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд, ки дар натиҷа 1 нафар аъзои гурӯҳи террористӣ нобуд карда шудааст.

Бино ба маълумоти ВКД, аз ҷои ҳодиса яроқи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт шуда, барои дастгир намудани шахси дигар ва аъзои гурӯҳи террористӣ чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.