Суғд: Ҳадафи тир қарор гирифтани кормандони милиса

Дар минтақаи шимоли кишвар шахсони номаълум ба сӯи кормандони БДА тир кушода, дар натиҷа як корманди милиса дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва корманди дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, ин ҳодиса чанде қабл дар посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии воқеъ дар баромадгоҳи шаҳри Конибодом […]

Наргис Ҳамробоева


Дар минтақаи шимоли кишвар шахсони номаълум ба сӯи кормандони БДА тир кушода, дар натиҷа як корманди милиса дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва корманди дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, ин ҳодиса чанде қабл дар посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии воқеъ дар баромадгоҳи шаҳри Конибодом ба самти Исфара рух додааст.

«Тибқи маълумоти пешакӣ, кормандони посгоҳ як автомашинаро барои тафтиши ҳуҷҷатҳо боздошт карда, маълум шудааст, ки ронанда ҳуҷҷати дахлдори иҷозати ронандагӣ надорад. Сипас санади боздошт таҳия гардида, қарор додаанд, ки автомашинаро ба майдони ҷаримавӣ интиқол диҳанд, вале боздоштшудагон муқовимати мусаллаҳона нишон дода, дар натиҷа як корманд ҳалок ва дигарӣ ҷароҳат бардошт», – зикр кард манбаъ.

Гуфта мешавад, айни замон ҷиҳати боздошти афроди мусаллаҳ чораҳои фаврӣ андешида мешаванд. Аз ҷузъиёти дигари қазия алҳол маълумот дода нашуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.