Дарки нодурусти исломро раиси ҲНИТ беадолатӣ унвон кард

Зимни суҳбат бо Дидиер Лирой, сафири Фаронса дар Тоҷикистон раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошт, ки «вақте Исломро чандон дуруст матраҳ намекунанд ва онро бештар дар чеҳраи Толибон ва равияҳои тундрав мебинанд, ин ба тарзе зулм нисбати Ислом ва мусалмонон аст». Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар идома М.Кабирӣ зикр […]

ASIA-Plus


Зимни суҳбат бо Дидиер Лирой, сафири Фаронса дар Тоҷикистон раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошт, ки «вақте Исломро чандон дуруст матраҳ намекунанд ва онро бештар дар чеҳраи Толибон ва равияҳои тундрав мебинанд, ин ба тарзе зулм нисбати Ислом ва мусалмонон аст».

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар идома М.Кабирӣ зикр кардааст, ки Исломи Муҳаммадӣ, як дини муътадил, созанда ва сулҳофар буда, ҲНИТ маҳз дар заминаи ҳамин гуна шинохт аз Ислом сиёсатҳои хешро амалӣ мекунад.

Ҷаноби Дидиер Лерой ишора фармуд, ин мулоқот дар чаҳорчӯбаи барномаи аз ҷониби сафорати Фаронса ҷиҳати дидору мулоқот бо чеҳраҳои сиёсӣ ва мазҳабии Тоҷикистон пешниҳодшуда доир мегардад.

«Муҳиддин Кабирӣ аз мавқеъгириҳои созандаи Фаронса дар масоили марбут ба олами Ислом, аз ҷумла Фаластин, қадрдонӣ намуда, онро барои дигар кишварҳои Аврупо намуна донист ва инчунин кумакҳои васеъи ин кишварро ба Тоҷикистон ва ҳамкориҳои стротежиро мусбат арзёбӣ намуд», – гуфтанд дар қароргоҳи марказии ҲНИТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.