«Авторитет»-ҳои ВМКБ нисфи қарзи «Амонатбонк»-ро баргардониданд

Раиси «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова зимни конфронси матбуотӣ иттилоъ дод, ки қарзҳои аз «Амонатбонк» гирифтаи афроди бонуфуз (авторитетҳо)-и ВМКБ аз ҳисоби фурӯши амволи ба гарав гузошта ба миқдори 50% баргардонида шудаанд. Раиси бонк мегӯяд, маблағи аввалия 400 ҳазор сомонӣ ва фоизҳо барои қарзи пардохтнашударо ташкил медод. «Фикр мекунам, ки ояндаи наздик ин қарз пурра пардохт хоҳад […]

Заррина Эргашева


Раиси «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова зимни конфронси матбуотӣ иттилоъ дод, ки қарзҳои аз «Амонатбонк» гирифтаи афроди бонуфуз (авторитетҳо)-и ВМКБ аз ҳисоби фурӯши амволи ба гарав гузошта ба миқдори 50% баргардонида шудаанд.

Раиси бонк мегӯяд, маблағи аввалия 400 ҳазор сомонӣ ва фоизҳо барои қарзи пардохтнашударо ташкил медод. «Фикр мекунам, ки ояндаи наздик ин қарз пурра пардохт хоҳад шуд. Тадриҷан қарзҳо коҳиш ёфта, чанд моҳ пештар қарз қисман пардохта шуд», – гуфт ӯ.

Санаи 19-уми сентябри соли гузашта дар вохӯрӣ бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки қарзи чанде аз «авторитетҳо»-и Бадахшон аз  «Амонатбонк» дар маҷмӯъ 1 млн. 265 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

«Шояд инҷо айби ман ҳам бошад, зеро соли 2008 зимни сафар ба Хоруғ ман ба «Амонатбонк» супориш дода будам, ки баҳри рушди соҳибкорӣ ба онҳо маблағи пулӣ ҷудо намояд, – гутф сарвари давлат. – Барои бекор намондан ман чанде аз онҳоро ба сохторҳои низомӣ ба кор таъин кардам, вале нагуфтаам, ки 400-500 ҳазор сомонӣ қарз гиреду онро барнагардонед».

Ба гунаи мисол президент аз қарзи шаҳрванд Гулдарбоғова, ҳамсари бародари бузурги яке аз шахсони бонуфузи Бадахшон Ёдгор Мамадасламов ёдовар шуд, ки айни замон қарзи ӯ ба 700 ҳазор сомонӣ расидааст. Ӯ ҳамчунин қарзи писари Толиб Айёмбеков аз «Амонатбонк» дар ҳаҷми 565 ҳазор сомониро хотиррасон намуда, иброз дошт, ки айни замон аз «Амонатбонк» дар маҷмӯъ 1 млн. 265 ҳазор сомонӣ қарздорӣ мавҷуд аст ва агар ин маблағҳо баргардонида мешуданд, ҳозир 200 нафар тоҷирон соҳиби пулу ҷойи кор мегардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.